Дар Душанбе таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 21.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон-аъзои кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон таҳти раёсати раиси кумита Равшан Раҷабзода бо муовини Раиси комиссияи доимии Конгресси халқии музофоти Шандуни Ҷумҳурии мардумии Чин Ван Лян ва ҳайати ҳамроҳонаш мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки Чин ва давлатҳои Осиёи Марказиро равобити муштарак мепайвандад ва Чину Тоҷикистон ҳамеша ҳамсояҳои хуб, дӯстони хуб, шарикони боэътимод ва бародар буданд. Ин далели он аст, ки байни Сарони Тоҷикистон ва Чин- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин муносибатҳои неки корӣ ва дӯстии шахсӣ густариш ёфта, барои рушди муносибатҳои дуҷониба заминаи мустаҳками сиёсӣ гузошта шуда, дурнамои дурахшони рушд муайян гардидааст.
Гуфта шуд, ки муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкории стратегии Тоҷикистон ва Чин, ки ба давраи нав ворид мешаванд, ба сатҳи бесобиқа расида, ба намунаи самаранокӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба оянда табдил ёфтаанд.
Ба шарофати ирода ва талошҳои ҳарду ҷониб муносибатҳо ба сатҳи шарикии стратегӣ расида, барои тавсеаи рӯзафзуни ҳамкории бисёрҷанба заминаи мусоид фароҳам оварданд. Аз ин рӯ, густариши муносибатҳо дар тамоми соҳаҳо ба манфиати на танҳо Тоҷикистон ва Чин, балки ба таҳкими сулҳу суботи тамоми минтақа ҷавобгӯ буда, мо минбаъд низ ин равандро ҳамчун самти стратегии ҳамкорӣ мақсаднок пеш мебарем.
Гуфта шуд, ки мубодилаи мақомоти қонунгузор ҷузъи муҳими муносибатҳои ду давлат мебошад, ки бо роҳбарии Сарони ду давлат дар сатҳи баланд бо натиҷаҳои судманд рушд мекунад.
Дар солҳои охир мақомоти қонунгузори Тоҷикистон ва Чин равобити наздик ва ҳамкориро ҳифз карда, дар густариши равобити дуҷониба нақши муҳим бозидаанд.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Чин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






