Дар Душанбе вобаста ба сармоягузорӣ ба оянда ҳамоиши ҷавонон доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷиҳати омода намудани ҷавонони Тоҷикистон ба пайомадҳо ва имконияти иқтисодиёти «сабз» дар доираи Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ таҳти унвони «Сармоягузорӣ ба оянда: пешбурди малакаҳои «сабз» ва ҷойҳои кории «сабз» ҳамоиши иловагии ҷавонон доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди «сабз» мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, неруи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад хуб таъмин кунад.
Таъкид гардид, ки имрӯз татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ба фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ, кафолатҳо барои аз ҷониби ҷавонон интихоб гардидани роҳи зиндагӣ, худтатбиқнамоии шахсии ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонону кӯдакон, ҳаракат ва ташаббусҳо нигаронида шудааст.
Гуфта шуд, ки дар баробари омӯхтан аз ҷавонон ва ҳамзамон бо воситаҳо таъмин намудани онҳо баҳри ҷорӣ намудани навовариҳо дар чунин самтҳо, ба монанди энергияи барқароршаванда, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор мо на танҳо ояндаи дурахшонро барои наслҳои оянда таъмин мекунем, балки ҷаҳоне ба вуҷуд меорем, ки дар он шукуфоӣ ва нигоҳубини муҳити зист бо ҳам мепайвандад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






