Дар Душанбе зиёда аз 55 ҳазор нафар дар Дави миллӣ ва беш аз 1600 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд

Май 19, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Дар Дави миллӣ дар Душанбе зиёда аз  55 ҳазор шаҳрвандони касбу кори гуногун ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 1600 нафар иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дави миллӣ дар шаҳри Душанбе тавассути кӯчаҳои Карамов — хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» баргузор гардид.

Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша кард.

Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа — таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати рушди иҷтимоии ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб Розиқзода иброз дошт,  манфиати дави субҳгоҳӣ нисбат ба дигар намуди машқҳо ва парҳезҳо барои тамоми бадан, пурқувватии масуният ва лоғаршавии организм афзалтар аст.

Ӯ чунин мешуморад, ки давидан қуввати баданро боло мебардорад, ки ин гувоҳи солимӣ ва тарзи ҳаёти солим бурдан аст.

Ҳамзамон иштирокчии дигар — муовини Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алишер Ализода изҳор намуд, ки баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст.

«Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯзҳо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда, варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ сазоворӣ ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Сохта ва ба истифода додаани иншооти гуногуни варзишӣ, мувафаққиятҳои варзишгарони мамлакат дарак аз рушду нумӯи варзиш медиҳад. Ман тамоми мардуми ҷумҳуриро даъват менамоям, ки ба варзиш машғул шаванд, зеро он, пеш аз ҳама, ба солимии худи онҳо нигаронида шудааст», — гуфт ӯ.

 

 

Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 19, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид