Дар Кения бар асари пайомадҳои обхезӣ дар як моҳ беш аз 160 нафар ба ҳалокат расид

Май 1, 2024 14:18

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар як моҳи охир дар Кения 169 нафар бинобар пайомадҳои бориши шадид ва обхезӣ ҳалок шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус агентии Reuters бо истинод ба вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст.

Танҳо дар Маимахиу бар асари ярч 46 нафар ба ҳалокат расид. Ба гуфтаи шоҳидон, селоба манзилҳо ва роҳи оҳанро вайрон намуд. 53 нафари дигар дар шаҳр расман бедарак шудаанд. Ҷамъияти Салиби Сурх дар бораи 76 сокине, ки тақдирашон номаълум аст, хабар додааст.

Дар маҷмуъ, 185 ҳазор кениягиҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва ба ҷойҳои амн паноҳ баранд.

Бояд гуфт, ки боронҳои сахте, ки аз моҳи март инҷониб меборанд, ба дигар кишварҳои Африқои Шарқӣ низ таъсир расонидаанд. Масалан, дар Танзанияи ҳамсояи Кения дар натиҷаи обхезиҳо ва селҳо 155 нафар ба ҳалокат расид. Дар Уганда ва Бурунди низ ҳалокшудагон ва харобиҳои назаррас мавҷуданд. Обуҳавошиносони африқоӣ бар ин назар ҳастанд, ки сабаби боронҳои ғайриодии имрӯза дар шарқи қитъа зуҳуроти иқлимии Ал — Нино мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 1, 2024 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад