Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт

Май 4, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Кения аллакай 210 ​​нафар бар асари бориши зиёди моҳҳои апрел-май ба ҳалокат расида, таҳсил дар мактабҳо ба таъхир гузошта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Уилям Руто, президенти ин давлат дар паёмаш ба мардум изҳор доштааст.

Президенти Кения инчунин ҳушдор дод, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, боронҳо то охири моҳи май ва эҳтимол баъд аз он низ идома ёбанд. «Хадамоти обуҳавошиносии Кения ҳушдор додааст: Кения метавонад бори аввал бо тӯфон рӯ ба рӯ шавад», — илова намуд ӯ ва таъкид кард, ки дар робита ба ин барои минтақаҳои соҳилии кишвар хатар вуҷуд дорад.

Дар маҷмуъ 185 ҳазор кениягиҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва дар ҷойҳои амн паноҳ ҷӯянд. Боронҳое, ки аз моҳи март идома доранд, ба кишварҳои дигари Африқои Шарқӣ низ таъсир расониданд.

Масалан, дар Танзанияи ҳамсояи Кения дар натиҷаи обхезӣ ва селҳо 155 нафар ба ҳалокат расид. Ҳалокшудагон ва харобиҳои назаррас дар Уганда ва Бурунди низ мавҷуд ҳастанд. Обуҳавошиносони африқоӣ бар ин назаранд, ки сабаби боронҳои ғайриодии имрӯза дар шарқи қитъа зуҳуроти иқлимии Ал — Нино мебошад.

   АКС аз манбаъҳои боз

Май 4, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад