Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кения аллакай 210 нафар бар асари бориши зиёди моҳҳои апрел-май ба ҳалокат расида, таҳсил дар мактабҳо ба таъхир гузошта шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус Уилям Руто, президенти ин давлат дар паёмаш ба мардум изҳор доштааст.
Президенти Кения инчунин ҳушдор дод, ки тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, боронҳо то охири моҳи май ва эҳтимол баъд аз он низ идома ёбанд. «Хадамоти обуҳавошиносии Кения ҳушдор додааст: Кения метавонад бори аввал бо тӯфон рӯ ба рӯ шавад», — илова намуд ӯ ва таъкид кард, ки дар робита ба ин барои минтақаҳои соҳилии кишвар хатар вуҷуд дорад.
Дар маҷмуъ 185 ҳазор кениягиҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳояшонро тарк кунанд ва дар ҷойҳои амн паноҳ ҷӯянд. Боронҳое, ки аз моҳи март идома доранд, ба кишварҳои дигари Африқои Шарқӣ низ таъсир расониданд.
Масалан, дар Танзанияи ҳамсояи Кения дар натиҷаи обхезӣ ва селҳо 155 нафар ба ҳалокат расид. Ҳалокшудагон ва харобиҳои назаррас дар Уганда ва Бурунди низ мавҷуд ҳастанд. Обуҳавошиносони африқоӣ бар ин назаранд, ки сабаби боронҳои ғайриодии имрӯза дар шарқи қитъа зуҳуроти иқлимии Ал — Нино мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






