Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон лоиҳаҳои Боғи миллии манзаравию этнографии шаҳри Душанбе баррасӣ шуд

Май 31, 2024 10:21

ДУШАНБЕ, 31.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баррасӣ ва такмили Консепсияи Боғи миллии манзаравӣ (ландшафтӣ)- этнографӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор шуд, ки дар он лоиҳаҳои ангоравии боғ  мавриди баррасиву такмилдиҳӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар нишаст лоиҳаҳои ангоравии Боғи миллии манзаравию этнографӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашӣ дар 6 намуна дар шакли чопӣ ва видеоӣ пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасиву такмили ҳаматаҷониба қарор гирифтанд.

Ҳанӯз соли 2020 лоиҳаҳои ин боғ аз тарафи пажуҳишгоҳҳои зертобеи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида буд. Вале бо гузашти муддати дароз ва рӯи кор омадани ғояҳои созанда, модерн шудани санъати меъморӣ ва талаботи ҷамъият зарурати аз нав омода кардани лоиҳаҳо пеш омад. Бо инобати ин ҳолат роҳбарияти Кумита тасмим гирифт, ки бобати таҳияи Консепсияи нав андешаву назари ҳамаи сохторҳои дахлдорро пазируфта, тибқи онҳо кор барад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин лоиҳаҳо тибқи талаботи Консепсияи боғи миллии манзаравию (ландшафтӣ) этнографӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020 тасдиқ шудааст, таҳия гардидаанд.

Мақсад аз бунёди боғи миллии нави ландшафтию этнографӣ муаррифии меваҳои гуногуни шаҳдбори ҷумҳурӣ, ки дар ин боғ парвариш карда мешаванд, инчунин пешкаш намудани манзараҳои зебои табиат, дарахтони ороишии нодир ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат мебошад.

Бинобар ин, меҳвари асосии боғро қитъаҳои алоҳидаи дар сатҳи баланди касбии агротехникӣ ва ландшафтӣ коркардшудаи дарахтони навъҳои гуногун ташкил дода, гулгашту роҳравҳо ва қитъаҳои алоҳидаи истироҳатию фароғатӣ бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишии нодир тарҳрезӣ карда шудаанд.

АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 31, 2024 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад