Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид

Май 1, 2024 20:24

ДУШАНБЕ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мавзеи Хуррамзамини ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар он зиёда аз 100 варзишгар аз давлатҳои Осиё, Аврупо ва Амрико, аз ҷумла Арманистон, Беларус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Амороти Муттаҳидаи Араб, Русия, Туркия, Узбекистон ва намояндагони васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, пеш аз оғози чорабинии варзишӣ бо намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва гӯшаҳои варзишӣ шинос шуданд.

Гуфта шуд, ки намуди варзиши парапланеризм ва воситаҳои парвози сабук яке аз намудҳои маъмул ва дӯстдоштанӣ маҳсуб меёбад, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи миллии парапланеризм ва воситаҳои парвози сабуки Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи он ва дарёфти чеҳраҳои нав ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Илова карда шуд, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз рукнҳои арзишмандтарин ва муҳимтарини ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва инсоният ба ҳисоб меравад.

Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаи байналмилалӣ, пеш аз ҳама, муаррифии шоистаи фазову имконияти хуби варзишии ҷумҳурӣ ва рушди варзиши парапланеризм буда, баҳри кашфи чеҳраҳои нав дар ин самти варзиши экстрималӣ мусоидат менамояд.

 Ҳамзамон пеш аз оғози мусобиқаи байналмилалӣ тариқи ҳавопаймо гурӯҳе аз варзишгарони намуди варзиши парашютизм аз 5 000 метр масофа баландӣ ҷаҳиш бо парашют анҷом дода, дар фазо парчамҳои миллиро парафшон намуданд.

Ёдовар мешавем, ки парапланеризм намуди варзиши фароғатӣ ва ҷалбкунанда буда, парапланҳо сабук, озоду бе алвонҷ, бе сохтори асосии сахт парвоз мекунанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2024 20:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад