Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд
ХОВАЛИНГ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2024 кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар замини дохили ҷангал боғи хуч бунёд намуданд, ки он дар Ҷамоати деҳоти Шугнов ва Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳия ҷойгир мебошад. Дар ин хусус сардори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал» — и ноҳияи Ховалинг Наврӯз Ҳакимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Бунёди боғи хуч дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар баробари он боз ҳазорон бех дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз шинонида шуданд. Изҳор гардид, ки дар ин давра 40 гектар ҷангалзори нав бунёд шуд, ки 5 гектари онро дарахтони чормағз ташкил медиҳанд. Инчунин дар майдони 90 гектар ҷангалзори кӯҳна барқарор гардид.
«Ҳоло дар тобеияти Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг 105 ҳазор гектар замин мавҷуд мебошад, ки дар он беш аз 60 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд», — гуфт директори муассиса Наврӯз Ҳакимов.
АКС: АМИТ «Ховар»









ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






