Дар ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар боғи хуч бунёд карда шуд

Май 1, 2024 09:57

ХОВАЛИНГ, 01.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи аввали соли 2024 кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Ховалинг дар 8 гектар замини дохили ҷангал боғи хуч бунёд намуданд, ки он дар Ҷамоати деҳоти Шугнов ва Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳия ҷойгир мебошад. Дар ин хусус  сардори Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал» — и ноҳияи Ховалинг Наврӯз Ҳакимов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Бунёди боғи хуч дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуда, дар баробари он боз ҳазорон бех дарахтони мевадиҳандаву ҳамешасабз шинонида шуданд. Изҳор гардид, ки дар ин давра 40  гектар ҷангалзори нав бунёд шуд, ки 5 гектари онро дарахтони чормағз ташкил медиҳанд. Инчунин дар майдони 90 гектар ҷангалзори кӯҳна барқарор гардид.

«Ҳоло дар тобеияти Хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг 105 ҳазор гектар замин мавҷуд мебошад, ки дар он беш аз 60 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамояд», — гуфт директори муассиса Наврӯз Ҳакимов.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 1, 2024 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид