Дар шаҳри Фарғона мулоқоти роҳбарони хадамоти махсуси Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 майи соли 2024 дар шаҳри Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон мулоқоти муовини Раиси Девони вазирон — Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон Абдусалом Азизов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба таври васеъ ва боэътимод тамоми маҷмуи масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти минтақавиро муфассал муҳокима намуданд. Оид ба ҳолат ва дурнамои ҳамкорӣ дар самтҳои муҳим, аз ҷумла мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқ, дигар таҳдидҳо ва чолишҳои дорои хусусияти фаромарзӣ табодули афкор анҷом дода шуд. Масъалаҳои ҳамкории наздисарҳадӣ ва дар маҷмуъ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ байни давлатҳо баррасӣ гардиданд.
Зимни мулоқот бандҳои рӯзномаи муайян кардани хати сарҳади давлатӣ (делимитатсия) байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои аломатгузории сарҳад байни Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба таври самарабахш баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба суръат бахшидан ба равандҳои делимитатсияи хати марзҳои давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон ва Узбекистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд ва барои ҳалли ин масъалаҳо дар асоси манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалиро муайян намуданд.
Дар натиҷаи музокирот ба аъзои Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон барои ҳамоҳангсозии қитъаҳои боқимондаи сарҳад ва ҳамчунин омода ва ба имзо расонидани созишномаи дахлдори дуҷониба супоришҳои мушаххас дода шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






