Дар шаҳри Хоруғ байни наврасони эҷодкор озмуни «Намоиши илмӣ» баргузор гардид

Май 30, 2024 20:20

ХОРУҒ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Муассисаи давлатии Литсей барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғ озмуни «Намоиши илмӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.

Дар озмун 50 довталаб аз 12 муассисаи таълимии шаҳр иштирок намуд.

Директори литсей Хушбахт Давлатов гуфт, ки “баъди эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи насли наврас ба ихтироъкориву навоварӣ хеле афзуд. Кормандони соҳаи маорифи шаҳр низ барои дастгирии ин хонандагон ва рушди истеъдоду маҳорати онҳо ҳар гуна озмунҳо, омӯзишу маҳфил ва бозиҳои мухталифи зеҳнӣ таҳия ва амалӣ менамоянд. Ба аксарияти ин чорабиниҳо устодони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, ки дар соҳаи илму техника ва технологияи муосир таҷрибаи хуби илмию амалӣ доранд, даъват карда мешаванд. Ин ҳамкорӣ аз ду ҷиҳат муфид аст: аввал устодон имконият пайдо мекунанд, ки аз байни довталабон дар оянда барои худ шогирд интихоб кунанд ва аз сӯи дигар, худи омӯзгорони фанҳои дақиқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ бо истифода аз чунин фурсат аз маслиҳату тавсияҳои олимони донишгоҳ баҳраманд мегарданд”.

Яке аз довталабони ин озмун Сайлигул Бурибекова доруеро, ки аз меваи ангат омода шудааст, ба намоиш гузошт. Зимни посух ба суоли ҳакамон доир ба тарзу усули истеҳсоли он изҳор дошт, ки “ба малҳами ангат 80 грамм вазелин ва равғани дуфоизаи ангат илова карда, бо гиёҳи шифобахши бобуна омехта кардам. Ин дору барои табобати ҳар гуна захм, касалии пӯст ва дарди дил давои хуб аст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз сад намуди гиёҳу растаниҳои шифобахши аз ҷиҳати экологӣ тоза кашф шудаанд. Ҳоло вақти он расидааст, ки ҳарчӣ бештар аз ин гиёҳҳои шифобахш давои зарурӣ тавлид карда шавад”.

Сайлигул гуфт, ки дар оянда нақша дорад, ки таҳсилашро дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон идома диҳад ва пас аз хатми ин донишгоҳ корхонаи хурди гиёҳдармонӣ бунёд намояд.

Ҳадаф аз баргузории озмуни “Намоиши илмӣ” баланд бардоштани шавқу завқи хонандагон ба фанҳои дақиқ мебошад. Хонандагон кӯшиш намуданд, ки аз ихтироъкории худ чизҳои наве ба техникаву технологияи муосир ворид намоянд. Дар замони пешрафти техникаву техналогияи муосир насли наврасро зарур аст, ки ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ бештар машғул гардад.

Озмун ду рӯз идома ёфта, ғолибон бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Директори Литсеи давлатӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Хоруғ гуфт, ки “маҳз ҳамин иштироккунандагони озмун бо навоварию эҷодкорӣ ва идеяҳои мақбулу мукаммали худ ояндаи наздик метавонанд дар бунёди корхонаҳои саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кор нақши муассир гузоранд. Вазифаи омӯзгорону волидон муҳайё кардани шароит барои боз ҳам рушду такмил додани истеъдоду маҳорати наврасони эҷодкор аст”.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 30, 2024 20:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Дар Санкт –Петербург Созишнома оид ба ҳамкории оператор бо таҳиягари пешбари Русия — Ivideon имзо гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Конфронси илмӣ-адабии «Душанбе — корзори ваҳдатофарӣ ва боргоҳи Ваҳдати миллӣ» баргузор шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 9 иншооти саноатӣ ба истифода дода мешавад
Дар Бохтар вобаста ба пешгирии ғарқшавии ноболиғону ҷавонон ҳангоми оббозӣ вохӯрии иттилоотӣ доир шуд
Модарони ваҳдатсаро дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд
АЗ БАРАКАТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Дар ин муддат соҳаи саноат ва кӯҳкорӣ ба як бахши муҳими иқтисоди миллӣ табдил ёфт
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ!». Дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ баргузор мешавад