Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 19.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳи июни имсол- қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар шаҳри Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҷамъомади тамринӣ мегузаронад.
Бар асоси нақшаи ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҷамъомади омӯзишӣ дар шаҳри Давҳа 22 май оғоз шуда, то 3 июн идома меёбад.
3 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили дастаи мунтахаби Урдун ба шаҳри Аммон меравад. Ин дидор 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, 11 июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи мунтахаби Покистон анҷом медиҳад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






