Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад

Май 12, 2024 15:15

ДУШАНБЕ, 12.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳи июни имсол- қабл аз бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2026 дар шаҳри Давҳа ҷамъомади тамринӣ мегузаронад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон моҳи июн таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Гела Шекиладзе ҷамъомади тамринӣ мегузаронад.
Бар асоси нақшаи ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҷамъомади омӯзишӣ дар шаҳри Давҳа 22 май оғоз шуда, то 3 июн идома меёбад.

3 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии панҷуми даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» ба муқобили дастаи мунтахаби Урдун ба шаҳри Аммон меравад. Ин дидор 6 июн дар Варзишгоҳи байналмилалии Аммон баргузор шуда, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Баъдан дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе баргашта, 11 июн бозии ниҳоии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026-ро бо дастаи мунтахаби Покистон анҷом медиҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 12, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд