Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар раддабандии якуми ФИФА зинаи 34-ро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) маротибаи аввал дар таърих рейтинги ҷаҳонии дастаҳои футзалро байни дастаҳои миллӣ эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бар асоси раддабандии Федератсияи байналмилалии футбол дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо касби 1167,37 хол дар байни 139 давлати ҷаҳон дар зинаи 34-ум қарор дорад.
Бояд гуфт, ки аз рӯйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми чаҳорумро касб карда, бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон гардид.
Чемпионати ҷаҳон имсол аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мегардад.
Дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайиланд футзалбозони Тоҷикистон шаш вохӯрӣ анҷом доданд. Дастаи мо дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бар тими Кореяи Ҷанубӣ (2:0) пирӯз шуда, инчунин бо дастаҳои Қирғизистон (2:2) ва Ҷопон (1:1) мусовӣ бозӣ намуд. Дастаи Пайрав Воҳидов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқот бар Афғонистон (2:1) зафар ёфт. Футзалбозони мо дар даври нимниҳоӣ аз тими миллии Тайиланд (вақти асосӣ – 3:3, аз рӯйи пеналти – 5:6) ва дар бозӣ барои ҷойи севум аз тими миллии Узбекистон (вақти асосӣ – 5:5, аз рӯйи пеналти – 1:3) шикаст хӯрданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд






