Даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардид
СУҒД, 24.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Даъвати ҳарбӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардида, ҷавонон бо амри дилу виҷдон барои адои хизмати Модар-Ватан рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Бояд иброз намуд, ки ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.
Имрӯзҳо бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон шароити хуби хизматӣ ва маишӣ ҳамаҷониба фароҳам оварда шудааст.
Чунин шароит насли ҷавонро водор менамояд, ки бо дарки масъулият ва ифтихор аз Ватану миллати худ софдилона баҳри рушду пешрафти мамлакат, ҳимоя ва таъмини амнияти он ҷидду ҷаҳд намояд.
Тавре гуфта шуд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Дар бораи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ», якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ва вилоят фаъолият бурда, ба неруи ватандустонаи ҷавонон такя намуда, нақшаи пешбинишудаи даъвати баҳоронаи соли 2024-умро бештар аз 100 фоиз ба иҷро расонд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






