ДАЪВАТИ БАҲОРӢ: Дар Хатлон ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад

Май 14, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. То ба ҳолати 13 май чорабинии даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар вилояти Хатлон дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар рӯзи аввали оғози даъвати баҳорӣ масъулони ноҳияҳои Вахш, Фархор, Муъминобод ва Хуросон аз ҷамъбасти он гузориш доданд.

Давоми моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ чорабинии даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Норак, Бохтар, Левакант, Ёвон, ноҳияҳои Носири Хусрав, Дӯстӣ, Қубодиён, Панҷ, Кӯшониён, Шаҳритус, Ҷайҳун, Балҷувон, Ҷалолиддини Балхӣ ва Данғара низ ба пуррагӣ ҷамъбаст карда шуд. То имрӯз 18 шаҳру ноҳияи вилоят даъвати баҳориро ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, ки 5 марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбии муҳлати хизматро адокарда ва даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба имзо расид.

Тибқи ин фармон, хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2024 аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, баталйони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ба эҳтиёт рухсат дода мешаванд.

Моҳҳои апрел-майи соли 2024 шаҳрвандони ҷинси марди соли таваллудашон 1997-2007-и то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтар, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба ин сохтору воҳидҳо даъват карда мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Май 14, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид