Даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то охири моҳи май идома меёбад
ДУШАНБЕ, 16.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо гузаштани 45 рӯз аз оғози даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ мақомоти масъули комиссияҳои вобастаи давлатии даъват дар 47 шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матуботи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Ба ҳамин тартиб, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сомонӣ ва Синои шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии вилояти Хатлон нақшаи ҷалби даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ пурра иҷро намуданд.
Дар умум, иҷрои нақша дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 88 фоиз баробар мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод, Файзобод, шаҳрҳои Роғуну Турсунзода дар рӯзҳои нахустини даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати аскарӣ аз анҷоми даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан гузориш доданд.
Аз оғози даъвати навбатӣ нақшаи иҷрогардида дар вилояти Суғд 67 фоизро ташкил медиҳад. Мақомоти вобастаи комиссияҳои давлатии даъват дар шаҳрҳои Панҷакенту Бӯстони вилояти Суғд иҷрои ин чорабинии муҳимро пурра ба анҷом расониданд.
Бояд гуфт, ки кори комиссияҳои давлатии вобаста ба даъват дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то охири моҳи май идома меёбад.
АКС аз бойгонӣ








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






