Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд

Май 17, 2024 18:14

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 май меҳмони олиқадр, Директори идории Хазинаи байналмиллалии асъор Кристалина Георгиева дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» боздид ба амал овард.

Меҳмони воломақомро бо ҳамроҳонаш намояндагони шаҳри Роғун ва Ҷамъияти саҳомии Неругоҳи барқи обии «Роғун» самимона истиқбол гирифтанд.

Кристалина Георгиева ва ҳамроҳонаш бо ҷараёни корҳо дар иншооти сохташавандаи Неругоҳ, аз ҷумла Ядрои сарбанди баландтарини сангию хокии иншооти энергетикӣ дар ҷаҳон бо баландии 335 метр шинос шуданд.

Зимни боздиди меҳмонон дар сохтмони сарбанд корҳои хобондани мавод, мустаҳкамсозии паҳлуҳои чапу рости Ядрои сарбанд ва сементрезии канораҳои он роҳандозӣ мегардид.


Барои меҳмонон дидани мавзеи умумии сохтмони иншоот, аз дидбонгоҳи болоии Неругоҳ, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, хеле мароқовару шавқангез буд.

Меҳмонон аз таҷҳизоти нодиру муосире, ки дар бинои КРУЭ (маҷмӯи дастгоҳи тақсимоти элегазӣ) васлу насб шудааст ва барқи истеҳсолшудаи неругоҳро ба системаи энергетикии кишвар тавассути хатҳои интиқоли барқ тақсим мекунад, аз наздик дидан карданд.


Зимни боздид аз толори мошинҳо кори ду агрегати нахустин, ки зери фишори пасти обанбор бо иқтидори минималӣ барқ истеҳсол мекунанд ва корҳои бомароми омодагӣ ба васли агрегатҳои навбатии неругоҳ мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмони олиқадр ва гурӯҳи ҳамкоронаш қарор гирифт.

Меҳмони олиқадр, Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева дар фароварди боздид ба суолҳои хабарнигорон посух гуфта, таассуроти амиқи аз рафти бунёди ин иншооти азим бардоштаи худро баён дошт ва аз ҷумла чунин изҳор намуд: ««Роғун» умеду орзуи тоҷикон ба неруи барқи доимӣ, ба рушди устувори иқтисоди кишвар ва умеду орзуи ҳамсоягони Тоҷикистон ба неруи барқи арзон мебошад. «Роғун» ҳамчунин манбаи «неруи сабз» аст ва аз ин рӯ, мо аз ин иншооти бузург ҳамаҷониба пуштибонӣ хоҳем кард».

АКС: АМИТ «Ховар»/Тоҳирҷон САИД

Май 17, 2024 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид