Директори идории ХБА Кристалина Георгиева: «Орзу дорам, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»

Май 17, 2024 17:45

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз пас аз шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмони дар иншооти ҳаётан муҳими Тоҷикистон – Неругоҳи барқи обии «Роғун» Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева ба хабарнигорон таасуроти худро баён намуд.

Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки барояш боздид аз яке аз муҳимтарин лоиҳаҳои энергияи «сабз» на танҳо дар Тоҷикистон ва минтақа, балки дар тамоми ҷаҳон бисёр таъсирбахш аст.

«Ман ҳамчун намояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳам эҳтироми худро нисбат ба корҳое, ки шумо дар ин ҷо анҷом медиҳед, изҳор намоям. НБО «Роғун» умеду орзуи тоҷикон ба неруи барқи доимӣ, ба рушди устувори иқтисоди кишвар ва умеду орзуи ҳамсоягони Тоҷикистон ба неруи барқи арзон мебошад», — тазаккур дод Кристалина Георгиева.

Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор таъкид намуд, ки онҳое, ки дар ин неругоҳ кор мекунанд, қаҳрамонони Ватани худ ҳастанд.


Дар идома номбура ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат барои талошу меҳнати пайваста ҷиҳати бунёди НБО «Роғун» изҳори эҳтиром намуд.

Ӯ орзу намуд, ки ормони тоҷикон оид ба пурра ба кор даромадани НБО «Роғун» ҳарчӣ зудтар амалӣ гардад»

«Мо барои амалигардонии орзуҳои миллати тоҷик тамоми талошҳоямонро ба харҷ медиҳем», — гуфт дар охир Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиева.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2024 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст