Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид

Май 12, 2024 17:37

ДУШАНБЕ, 12.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон китоби нави доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод интишор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар китоб бори нахуст раванди таъсис ва ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар замони истиқлол мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Китоб аз панҷ боб иборат буда, дар боби якум «Таъсис ва ташаккули низоми телевизионҳои давлатӣ дар замони истиқлол» мавриди пажуҳиш қарор гирифта, боби дуюм ба «Таъсис ва ташаккули телевизионҳои давлатии минтақавӣ» иртибот дорад. Муаллиф «Ташаккули низоми телевизионҳои ғайриҳукуматӣ»- ро дар боби сеюм баррасӣ карда, бо хулосаҳои дорои ҷанбаи пажуҳишӣ муҳтавои бобро мукаммал намудааст.

Воситаҳои электронии ахбори оммаро дар шароити имрӯза бе интернет тасаввур кардан номумкин аст, аз ин рӯ боби чаҳорум пурра суду зиёни интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.

Боби панҷум ба «Рушди фаннӣ ва ниҳодҳои зертобеи соҳа дар замони истиқлол», ки кори онҳо ба фаъолияти телевизион тавъам аст, бахшида шудааст.

Муаллиф низоми нави шабакаҳои телевизионии замони истиқлолро аз рӯи хусусияти воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, инъикоси мавзуъ, дарбаргирии аудитория, фарогирии минтақаи пахш, рушди технологияи муосир, моликият ва тааллуқоти молӣ ба низоми телевизионҳои давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ) ва ғайридавлатӣ (ҷамъиятӣ ва хусусӣ) тақсимбандӣ карда аст.

Бори нахуст зинаҳои рушди телевизиони «Тоҷикистон» ба ду марҳила ва панҷ давра гурӯҳбандӣ шуда, доир ба шабакаҳои телевизионии насли нав маълумоти фишурда дар ихтиёри хонанда вогузор гардидааст.

Китоб барои рӯзноманигорон, пажуҳишгарони соҳа, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо, муаррихон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, хосса телевизион ба сифати манбаи муътамад хизмат менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки китобҳои «Таърихи радиои Тоҷикистон» (2 қисм), «Таърихи телевизиони Тоҷикистон», «Вожаномаи русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи радио ва телевизион», «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон» низ ба қалами Саидмуроди  Хоҷазод тааллуқ доранд.

АКС аз муаллиф

Май 12, 2024 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад