Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар рейтинги Вазорати маорифи Чин дар ҷойи аввал қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рейтинг (раддабандӣ)-и муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи аввалро соҳиб гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.
Чунин баҳогузориро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин вобаста ба таваҷҷуҳе, ки довталабони Чин нисбат ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон доранд, ба инобат гирифтааст. Хабари дар ҷойи аввал қарор гирифтани донишгоҳро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сомонаи расмиаш интишор намудааст.
Гуфта мешавад, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти байналмилалии густурда пеш гирифта, дар айни замон бо зиёда аз 120 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷии дуру наздик шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки бори нахуст аз ҷониби Ассотсиатсияи таҳсилоти олии Чини Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази хизматрасонии Чин оид ба табодули байналмилалии илмии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин 89 ихтисоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионӣ (Institutional accreditation) гузаштанд.
Ҳамзамон имсол Муассисаи «London School of Digital Business» ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айниро барои саҳми арзанда дар самти илм ва маориф, фидокорӣ, меҳнатдӯстӣ, суботкорӣ ва эътирофи дастовардҳо ба «Ҷоизаи беҳтарин донишгоҳи навовар ва пешрафтаи соли 2023-и Муассисаи Лондон оид ба тиҷорати рақамӣ (LREA 2023)» сазовор донист.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






