DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 3 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май, дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд. Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи аввал ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Ғолибону ҷоизадорони рӯзи аввали мусобиқа:
Занон
-48 кг
1. Бавуудорж Баасанхуу (Муғулистон)
2. Тугче Бедер (Туркия)
3. Айна Моисеева (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Николич Милитса (Сербия)
-52 кг
1. Фабен Кохер (Швейтсария)
2. Бинта Ндиайе (Швейтсария)
3. Глафира Борисова (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Ҷунг Йерин (Ҷумҳурии Корея)
-57 кг
1. Ҷессика Климкейт (Канада)
2. Сара-Леони Сизик (Фаронса)
3. Вероника Тониоло (Италия)
3. Энхриилен Лхагватогоо (Муғулистон)
Мардон
-60 кг
1. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ТОҶИКИСТОН)
2. Магжан Шамшадин (Қазоқистон)
3. Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Ҳаято Кондо (Ҷопон)
-66 кг
1. Сердар Раҳимов (Туркманистон)
2. Обид Ҷебов (ТОҶИКИСТОН)
3. Иван Черних (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Муллораҷаб Халифаев (ТОҶИКИСТОН)
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
Мусобиқа 4 ва 5 май идома меёбад.
АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо













Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид






