DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Дар рӯзи дуюми мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон 1 медал ба даст оварданд

Май 4, 2024 18:39

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 4 май, дар рӯзи дуюми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо ғолибон ва ҷоизадорон дар чор вазн муайян гардиданд. Тоҷикистонро дар ин рӯз 10 ҷудочӣ муаррифӣ намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи дуюм танҳо Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқраи мусобиқаро соҳиб шуд.

 

 

Ғолибону ҷоизадорони рӯзи дуюми мусобиқа:

Занон

-63 кг

1. Лубяна Повесана (Австрия)
2. Дали Лилуашвили (намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф)
3. Амина Белкади (Алҷазоир)
3. Ива Оберан (Хорватия)

-70 кг

1. Микайла Поллерес (Австрия)
2. Лара Светко (Хорватия)
3. Келли Петерсен Поллард (Британияи Кабир)
3. Сабина Герчак (Маҷористон)

Мардон

-73 кг

1. Нилс Штамп (Швейтсария)
2. Беҳрӯзи Хоҷазода (ТОҶИКИСТОН)
3. Муҳаммад Ҷумаев (Узбекистон)
3. Дархан Койбагар (Қазоқистон)

-81 кг

1. Ёшито Ходжо (Ҷопон)
2. Вахид Борчашвили (Австрия)
3. Дмитрий Гочилаидзе (Гурҷистон)
3. Абилайхан Ҷубаназар (Қазоқистон)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов  (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра ва Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Мусобиқа пагоҳ, 5 май идома меёбад.

АКС: Федератсияи байналмилалии ҷудо

 

Май 4, 2024 18:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд