«DUSHANBE GRAND SLAM 2024». Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 05.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии «Dushanbe Grand Slam 2024» оид ба ҷудо анҷом меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи охирини мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: -78 кг, +78 кг, байни занон ва -90 кг, -100 кг ва +100 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.
Дар вазни -90 кг Комроншоҳ Устопириён бо Даниел Ниетои испанӣ, Шодмон Ризоев бо Эдуард Триппели олмонӣ, Акмал Муродов бо Мамедалӣ Ачюлдююеви туркман ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода бо Бакар Эрашвилии гурҷӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.
Дар вазни -100 кг Ҷаҳонгир Маҷидов бо Авсин Чандрани ҳиндӣ, Парвиз Абдураҳмонов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Анджей Павлиуков, Эмомризо Анварзода бо Синг Автари ҳиндӣ ва Кароматулло Ҳакимов бо намояндаи дастаи варзишгарони бетараф Нииаз Билолов дар даври аввал қувва меозмоянд.
Дар вазни +100 кило Темур Раҳимов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Давит Кевлишвилии испанӣ ва Анани Квадйои фаронсавӣ гӯштин мегирад. Мансур Раҳмон дар ҳамин вазн бо Шаотонг Юани чинӣ, Некрӯзшоҳ Некбахтзода бо Муҳаммал ал Маҳдии алҷазоирӣ ва Шарифҷон Назриев бо Мансур Муҳиддинови узбек дар даври аввал гӯштин мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ва Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73) медали нуқра ба даст оварданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






