DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рӯзи якуми мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн: — 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувва меозмоянд.
Тоҷикистонро дар ин рӯз 14 ҷудочӣ муаррифӣ менамоянд.
Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Анварҷон Иброҳимови узбек ва Изнаур Сааев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф) гӯштин мегирад.
Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни -60 кг бо Виҷай Кумар аз Ҳиндустон дар даври аввал неру месанҷад.
Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни -60 кг бо Дук Тат Чу аз Ветнам дар даври аввал гӯштин мегирад.
Ҳақдод Гулов дар вазни -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Петрос Кристодоулидес аз Кипр гӯштин мегирад.
Обид Ҷебов дар вазни -66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Ҳаким Агаммамедов аз Туркманистон ва Сумия Лхагвасурен аз Муғулистон неру месанҷад.
Муллораҷаб Халифаев дар вазни -66 кг бо Мартин Сетз аз Олмон гӯштин мегирад.
Ёсин Бобокалонов дар вазни -66 кг дар даври аввал бо Абрек Нагучев (дастаи варзишгарони инфиродии бетараф) неру месанҷад.
Муқтадири Бобоҷон дар вазни -66 кг бо намояндаи дастаи варзишгарони инфиродии бетараф Иван Чернюх гӯштин мегирад.
Дар байни занон Райҳона Розиқзода дар вазни -48 кг бо Аманда Лимаи бразилӣ дар даври аввал қувва меозмояд.
Дар вазни -52 кг Аҳлия Муъминова бо Мариа Сидероти португалӣ, Насиба Карликова бо Софиа Асвестаи кипрӣ ва Мадина Қурбонзода бо Гулҳайё Ҷӯраеваи узбек неру месанҷанд.
Дар вазни -57 кило Фазилат Гулбоева бо Убасарт Маскарои испанӣ ва Раҳмия Ханҷарбекова бо Леле Наирнеи бритониёӣ дар даври аввал гӯштин мегиранд.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






