«ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ҲУШМАНД». Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе – шаҳри ҳушманд» Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардида, ба ғолибони он ҷоиза супорида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиши ҷоизасупории ғолибони Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки «Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе ҳамасола таҳти сарпарастии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, ташаккули сатҳи фарҳанги техникӣ ва дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон, инчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад».
Масъули баргузории ҳафта Муассисаи давлатии «Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» буда, имсол он дар сатҳи муосир баргузор гардид. Аз ҷумла, ифтитоҳи расмии чорабиниҳои ҳафта дар Маркази ЭКСПО-и Душанбе доир гардид, ки дар он муассисаҳои илмию таълимӣ, ташкилоту корхонаҳои инноватсиониву техникӣ ва технологӣ дастоварду лоиҳаҳояшонро ба намоиш гузоштанд.
Имсол дар доираи ҳафта чорабиниҳои муҳими илмӣ-маърифатӣ, ба монанди намоиши дастовардҳои техникиву технологӣ ва илмию инноватсионӣ, IT -гап, дарси маҳорат (мастер-класс), Озмуни шаҳрии «Илм ва амал», Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, конфронси илмӣ-амалӣ оид ба «Зеҳни сунъӣ ва масъалаҳои омӯзиши он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ», озмуни шаҳрии «Омӯзгори муосир», «Конфронси илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе» ва озмуни «Беҳтарин кабинети фанни технологияи иттилоотӣ» баргузор гардиданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо омили муҳим барои бедор намудани шавқу рағбати кӯдакону наврасон ва ҷавонон ба омӯзиш ва аз худ кардани илмҳои муосир арзёбӣ гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад






