ФУТБОЛ-МУТТАҲИДКУНАНДАИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамоиши «Футбол – омили муҳими ҳамгироии ҷавонони ҷаҳон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Иқдоми навбатӣ ба рушди соҳаи варзиш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин муттаҳид намудани ҷомеаи ҷавонони ҷаҳон мусоидат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «варзиш қосиди сулҳ, муаррифи давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони мамлакат бо ҷаҳон мебошад».
Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсади хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Дар заминаи он баҳри ҷавонону донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сохта, ба истифода додани Маҷмааи муосири варзишӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва синфхонаву клубҳои шашкаву шоҳмот дар донишгоҳ аз ин қабиланд.
Таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз пештара бештар диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди соҳаи варзиш тадбирҳои зиёд андешем.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омода намудани варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи варзиш Ватани азизамон ба дастовардҳои назаррасу нодир ноил мегардад.
Варзиш як намуди фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Яке аз намудҳои варзиш ин футбол аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ҳамагон онро мепазиранд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






