ФУТБОЛ-МУТТАҲИДКУНАНДАИ ҶАВОНОНИ ҶАҲОН. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишгоҳи миллӣ ҳамоиш доир шуд

Май 25, 2024 09:28

ДУШАНБЕ, 25.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба  Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамоиши «Футбол – омили муҳими ҳамгироии ҷавонони ҷаҳон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори Донишгоҳ иброз дошт, ки ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар шахсияти Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад. Иқдоми навбатӣ ба рушди соҳаи варзиш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона, инчунин муттаҳид намудани ҷомеаи ҷавонони ҷаҳон мусоидат мекунад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «варзиш қосиди сулҳ, муаррифи давлату миллат ва пайвандгари риштаҳои дӯстии ҷавонони мамлакат бо ҷаҳон мебошад».

Гуфта шуд, ки дар заминаи сиёсади хирадмандонаи Пешвои миллат имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд. Дар заминаи он баҳри ҷавонону донишҷӯён дар Донишгоҳи миллӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Сохта, ба истифода додани Маҷмааи муосири варзишӣ, майдончаҳои гуногуни варзишӣ ва синфхонаву клубҳои шашкаву шоҳмот дар донишгоҳ аз ин қабиланд.

Таъкид шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим аз пештара бештар диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои рушди соҳаи варзиш тадбирҳои зиёд андешем.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омода намудани варзишгарони касбии тоҷик барои  иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд. Ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳию таблиғотӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи варзиш Ватани азизамон ба дастовардҳои назаррасу нодир ноил мегардад.

Варзиш як намуди фарҳанги ҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Яке аз намудҳои варзиш ин футбол аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва ҳамагон онро мепазиранд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Май 25, 2024 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд