Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати мутахассисони кумита ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар табодули таҷриба ва омӯзиши санъати меъмории ин минтақаҳоро анҷом доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони мамлакат хабар доданд.
Гурӯҳи корӣ бо сохтмон ва иншооти бунёдшудаи шафати баҳр, дарёҳо ва нимҷазираҳои шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шинос гардид.
Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бо роҳбарияти ширкати лоиҳакашию машваратии байналмилалӣ- JT & Partners (JT+P) вохӯрӣ намуда, бо сохтор ва ташкили корҳои лоиҳакашии ин ширкат шинос шуд. Ҳамзамон бо ширкати бонуфузи сохтмонии «Azizi Developments», United Development Company (UDC), PREMIUM construction ва Lagoon Qatar вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Давҳаи Давлати Қатар доир ба масъалаҳои шаҳрсозӣ, рушди ҳудудҳо ва маҳалҳои аҳолинишин дар ҳамбастагӣ бо дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии онҳо, рушди соҳаи сайёҳӣ, инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ ва нақлиётии маҳалҳои аҳолинишин, ҳамзамон бунёди эстакадаҳо ва роҳҳои ҳудуди маҳаллаҳо, таъмини ягонагӣ ва рушди ба худ хоси муҳити меъморию фазоӣ, равандҳои замонавӣ дар меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва дигар омилҳо, ки ба рушди шаҳрсозии ҳудудҳо замина мегузорад, табодули таҷриба намуд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






