Имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон дар мулоқот бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо баррасӣ шуд

Май 4, 2024 12:08

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба шарофати дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ  рушд ёфта, нақши муҳим касб намуд. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик мунтазам аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофотҳо қадрдонӣ мешаванд. Чунин гуфта шуд зимни мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо мудири кулли Федератсияи байналмилалии ҷудо Влад Маринеску, ки дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо доир ба имконияти рушди ҷудо дар Тоҷикистон табодули андеша намуда, аҳамияти амалисозиву ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар иншооти варзишии мамлакат мутобиқ ба талаботи энергияи «сабз» ва танзими мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо бо иштироки фаъоли корхонаҳои саноатии ватанӣ таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бори аввал (3-5 майи соли 2024) дар пойтахти Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» доир мегардад.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад