Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад

Май 27, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 21+24 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 дараҷа гарм, рӯзона 11+20 дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 дараҷа гарм, рӯзона 19+30 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 22+30 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа гарм, рӯзона 18+27 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Май 27, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи технологияи пурқувват ва пешрафта иштирок намуд
Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт барномаҳои идона доир шуданд