Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8+13 дараҷа гарм, рӯзона 15+20 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат борида, ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, боридани борон дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 дараҷа ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Бонки «Амонатбонк» ва Хадамоти иҷро нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез бо иштироки ҷавонон ҳамоиш доир гардид
Соли 2025 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз олимпиадаҳо 2 ҳазору 447 медал ба даст оварданд
Форуми ОИҲ: назари нави МегаФон Тоҷикистон ба HR ва идоракунӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






