Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Май 31, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 май таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис дар бораи Барномаи рушди беҳдошти замин ва обёрӣ барои солҳои 2024-2028 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода гузориш дод.

Таъкид гардид, ки мақсади асосии қабули Барнома андешидани тадбирҳо вобаста ба фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармояи хориҷӣ, маблағҳои бахши хусусӣ, навсозӣ ва барқарорсозии иншооти гидротехникӣ ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, обтаъминкунии устувор  тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нав, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ғайра мебошад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки сохторҳои марбута татбиқи Барнома ва Нақшаи амали онро дар муҳлатҳои муайяншуда ва бо ҷалби маблағҳои зарурӣ таъмин намоянд.

Сипас, дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027  вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ҳисобот дод.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи қарори мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар бо мақсади пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ қабул шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 чораҳои зарурӣ андешанд.

Сохторҳои марбута ҳамчунин вазифадор шуданд, ки амалишавии саривақтии барномаҳои давлатии рушдро таъмин намоянд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Мақсад аз ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ба рӯзҳои ид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани рӯзи телевизион мебошад.

Ҳамчунин лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Барномаи барқарорсозӣ ва реинтегратсияи шахсони дорои гузаштаи экстремистӣ ё террористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028” муҳокима гардида, қарори дахлдор қабул шуд.

Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумат ва дигар масъулинро ба иҷрои ҳатмии масъалаҳои рӯзномаи маҷлиси имрӯза, супоришҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии дастурҳои зимни мулоқот бо фаъолони кишвар ва ходимон дин ва аҳли илм ва маориф додашуда, ҷалб намуданд.

Супоришҳои дигар ҳамчунин доир ба ҷамъоварии беталафи ҳосили саҳро, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ ва вусъати корҳои ободонӣ ба хотири истиқболи сазовори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Май 31, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири муҳити зист, об ва кишоварзии Арабистони Саудиро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Деннис Фрэнсисро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором Армида Салсия Алишаҳбанаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иштирок ва суханронӣ намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азулеро ба ҳузур пазируфтанд