«МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Таҳти чунин унвон конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд

Май 17, 2024 15:59

ДУШАНБЕ, 17.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» конференсияи 4-уми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Конференсия дар шакли мустақим ва фосилавӣ (онлайн) доир гардид, ки дар он 140 нафар олимон, муҳаққиқон, ходимони сиёсӣ аз мактабҳои олии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Данғара ва хориҷи мамлакат, аз ҷумла аз Федератсияи Русия иштирок дошта, дар он 140 мақолаи илмӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иброз намуд, ки «илм поягузори рушди устувор, самаранокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидори илмии мактаби сиёсии Пешвои миллат ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода шаванд».

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки «Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар заминаи мақсаду аҳдофи сиёсии оинномавӣ фаъолияташро шарафмандона амалӣ менамояд, барои мусоидат ба таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, рушди самтҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёт, маорифу фарҳанг, тандурустӣ ва тарғиби афкори миллии иҷтимоӣ корҳои назаррас анҷом медиҳад».

Дар ҷараёни конференсия гуфта шуд, ки бо мақсади таҳким бахшидани рукнҳои илмӣ-назариявии фаъолият ва ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун мактаби сиёсӣ, ҳамзамон дастовардҳои сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мунтазам конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» баргузор менамояд.

Кори конференсия дар панҷ бахш: «Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ», «Иқтисодиёт ва энергетика», «Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ», «Маориф ва илм», «Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ» баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Май 17, 2024 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд