«МАН БА ВАТАН ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Баргузории иқдоми ҷумҳуриявии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сафи ихтиёриёнро зиёд намуд
ДУШАНБЕ, 11.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иқдоми ҷумҳуриявии «Ман ба Ватан хизмат мекунам!» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Баргузории ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан мехоҳанд, афзоиш ёбад.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафи чунин ҷавонон пайваста зиёд мегардад. Абдураҳмон Мирзозода, донишҷӯи соли сеюми Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Мастчоҳ аз ҷумлаи чунин ҷавонони ватандӯсте аст, ки бо хоҳиши худ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат омодагӣ гирифт.
Ӯ бо амри дилу виҷдон ҳамроҳ бо падару модар ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, аз муоинаи тиббӣ гузашт.
Зимни суҳбат Абдураҳмон гуфт, ки ин тасмимро худаш гирифт ва падару модараш ӯро дастгирӣ карданд.
«Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилам ангеза андохт ва тасмим гирифтам, ки ба хизмати ҳарбӣ равам. Ин тасмимамро ба падару модарам гуфтам ва онҳо хеле хурсанд шуданд. Хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад ва онро бояд ҳар ҷавонмард сарбаландон иҷро кунад»,- иброз медорад Абдураҳмон Мирзозода.
Волидони Абдураҳмон иқдоми ватандӯстонаи писарашонро ҷонибдорӣ намуда, ният доранд дигар писаронашонро низ баъди хатми мактабу донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ равон кунанд.
Воқеан, ин иқдоми ватандӯстони Абдураҳмон Мирзозода барои дигар ҷавонони ноҳияи Мастчоҳ намунаи ибрат ва пайравӣ мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






