Муҳаммад Шарифзода дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо соҳиби медали тилло гардид
ВАҲДАТ, 10.05.2024./АМИТ «Ховар»/. Варзишгари навраси тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт- Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуданд, дар вазни то 24 кг баромад намуд. Ӯ бо мағлуб намудани рақибон аз 18 давлати дунё сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Раиси шаҳри Ваҳдат ин варзишгари ҷавонро бо туҳфаҳо қадрдонӣ намуда, иброз дошт, ки «дар чунин синни хурдӣ ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар бозиҳои байналмилалӣ кори саҳл нест. Барои ин заҳмати зиёд, тамрини ҳамешагӣ ва аз бар намудани усулҳои гуногуни варзишӣ зарур аст».
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо «Jiu Jutsu», ки дар шаҳрҳои Краснодар, Москва, Санкт-Петербурги Федератсияи Русия, Остонаи Қазоқистон ва дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шуданд, 800 варзишгари наврас аз давлатҳои Осиёву Аврупо иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






