Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ярмарка-намоишгоҳи ҷойи кори холӣ бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ дар мувофиқа бо сохторҳои гуногуни давлатӣ ташкил гардид.
Зимни суҳбат ба намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ, ки ба ин намоишгоҳ ҷойи кори холӣ пешниҳод намуда буданд, тавсияҳои судманд дода шуд. Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ бо пойгоҳи моддӣ- техникӣ ва раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз наздик шинос гардида, ба имконияти таҳсил ва шароити мавҷудаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ баҳои баланд дод.
Ҳамзамон муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ифтитоҳи Озмуни IV ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» сухан гуфт.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд






