«МУШКИЛОТИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ФАЗОИ АВРУОСИЁ». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конфронси байналмилалӣ доир шуд

Май 10, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ таҳти унвони «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё» конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид, ки дар он олимону коршиносони дохилу хориҷи мамлакат ба таври мустақим ва маҷозӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Президенти ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо» Николай Бодров оғоз бахшиданд.

Дар кори конфронс олимону коршиносони дохилу хориҷи мамлакат ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва оид ба роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир сухан гуфтанд.

Дар конфронс доир ба роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир, пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм андешаронӣ карда шуд.

Ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд манзур карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд