Намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхайи Чин бо Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон шинос гардиданд

Май 27, 2024 18:38

ДУШАНБЕ, 27.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай зимни сафари корӣ дар Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон бо таърих ва фарҳангу маданияти қадимии миллати тоҷик шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Зимни шиносоӣ бо осорхона диққати ҳайати меҳмононро бозёфтҳои қадимӣ аз «Тахти сангин», «Ҳулбук», «Дайри буддоӣ» ва дигар маконҳои таърихии халқи тоҷик, ки зимни кашфиёти бостоншиносӣ дар қаламрави ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гардида, далели таъриху тамаддуни қадимии миллати тоҷик мебошанд, ба худ ҷалб намуд.

Ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай аз тамошои Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилояти Хатлон изҳори хушнудӣ намуда, таассуроти нек бардошт.

Ҳайати намояндагони Департаменти бехатарии ҷамъиятии шаҳри Шанхай ба макони таърихии Дайри буддоии ноҳияи Вахш, ки мавзеи бозёфти бути 12- метра ба ҳисоб меравад, рафта, бо ҷузъиёти таърихии ин макон шинос гардид.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Май 27, 2024 18:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид