Нашриёти «Ирфон» се шоҳасари барҷаста: «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон»-и Ҷалолуддини Балхӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро бо се забон ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 28.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Ирфон» ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садсолагии Муассисаи нашриявии «Ирфон» тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се шоҳасари барҷастаи миллати тоҷикро таҳти унвонҳои «Гулчини ғазалиёт» ва «Ҷоми ҷон» (баргузидаи рубоиёт)-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро бо забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва форсӣ ба нашр расонид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» иттилоъ доданд.
Китобҳои нодир бо ороиши баланд, истифодаи таҷҳизоти муосири ноширӣ ва коғази офсетӣ нашр шудаанд.
Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон», номзади илмҳои филологӣ Абдувалӣ Абдураҳмонзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, «ин шоҳасарҳои ҷовидона мунтахабе аз ғазалиёти ҷаззобу дилошӯб ва баргузидаи рубоиҳои шоири бузурги тоҷику форс Ҷалолуддини Балхиро, ки ба иттифоқи муҳаққиқон, дар водии Вахши тоҷикон –ҷузъе аз вилояти овозадори Балхи он замон ба дунё омада, ҷаҳонро гаштаву марди ҷаҳонӣ шудааст, дар бар мегиранд. Дар ин жанри адабӣ хусусиятҳои барҷастаи осори зиндаёди Ҷалолуддини Балхӣ – забони ширин, баёни равшан, шеърияту мазмуни баланд ва лутфи нозуки дилписанд ба хубӣ аён мебошанд».
Шоири шаҳир ва матафаккири форсу тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ солҳои 1207-1273 умр ба сар бурда, ҳаёти замона, зиндагии талху гуворо, шароити созандаю парешони мардуми сарзамин ва дигар мавзуъҳои гуногунро хеле моҳирона ба қалам додааст, ки то имрӯз ибратбахш мебошанд.
Иброз гардид, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ яке аз номдортарин фарзандони тоҷик ва фурӯзонфартарин андешамандони осмони фазлу хиради миллати ориёнажодон аст, ки имрӯз- баъди садсолаҳо низ моро бедору ҳушёр нигаҳ медорад.
Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров аввалин асари илмие мебошад, ки дар шинохти миллат таълиф шудааст. Ин шоҳасар бозгӯкунандаи таърихи миллати тоҷик дар фарози асрҳо аз асрҳои 2-3-и пеш аз мелодро дар бар гирифта, муаллиф бо заҳмати чандинсолааш миллати тамадунсози тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст. Чопи ин шоҳасар ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа мусоидат менамояд.



Шоҳасарҳои нотакрор – “Гулчини ғазалиёт”, “Ҷоми ҷон” (баргузидаи рубоиёт)-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ҳар яке моро ба сулҳу ваҳдат, озодӣ, камолоту тараққиёт, худшиносиву худогоҳӣ, дӯст доштани сарзамин, Ватан, зиндагии шоиста ва пайваста бедору ҳушёр будан даъват менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Нашриёти давлатии Тоҷикистон 7 октябри соли 1925 таъсис ёфта, соли 1964 «Ирфон» ва соли 2000-ум Муассисаи нашриявии «Ирфон» ном гирифт. Вазифаи аввалин роҳбари ин муассисаро шоири ширинкалом Абулқосим Лоҳутӣ ба уҳда дошт, баъдан сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳамчун сармуҳарррир ва сипас ба сифати роҳбар дар ин боргоҳи илму маърифат ифои вазифа намудааст.
Муассисаи нашриявии «Ирфон» — таъминкунандаи ҷомеа бо ғизои маънавӣ буда, дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар ин нашриёт асарҳои Президенти Тоҷикистон ба нашр расидаанд.
Аз ҷумла, соли 2001 ба муносибати 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои пурмуҳтавои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон- «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» дар се ҷилд (2001), «Сиёсати сулҳ ва бунёдкорӣ» бо забони русӣ, «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Албоми Тоҷикистон» дар ин нашриёт бо сатҳ ва сифати баланд нашр шуданд.
Ҳамзамон асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар нашриёти «Ирфон» ба табъ расидаанд.
АКС: Муассисаи нашриявии «Ирфон»








«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»






