Низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар аз 1 май мавриди амал қарор мегирад

Май 1, 2024 08:26

ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 майи соли 2024 низоми бераводиди яктарафа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони 25 давлати дигар мавриди амал қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре таъкид гардид, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2021, №464» 25 кишвар ба номгӯйи давлатҳои хориҷие, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ шудааст, илова карда шуд.

Аз ҷумла:

  1. Амирнишини Андорра
  2. Баҳамас
  3. Босния ва Гертсеговина
  4. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
  5. Ҷумҳурии Булғористон
  6. Ҷумҳурии Коста Рика
  7. Ҷумҳурии Кипр
  8. Ирландия
  9. Ҷумҳурии Малта
  10. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
  11. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
  12. Муғулистон
  13. Черногория
  14. Салтанати Уммон
  15. Руминия
  16. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
  17. Сент-Люсия
  18. Ҷумҳурии Сан-Марино
  19. Ҷумҳурии Сербия
  20. Ҷумҳурии Словакия
  21. Ҷумҳурии Словения
  22. Ҷазираҳои Сулаймон
  23. Сент-Винсент ва Гренадинӣ
  24. Вотикон
  25. Давлати Фаластин (нисбат ба шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ/махсус)

Инчунин тибқи ҳамин қарор номгӯйи 16 давлати хориҷӣ, ки нисбат ба шаҳрвандони синнашон аз 55 болои онҳо низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 14 рӯз ҷорӣ карда шудааст, тасдиқ шуд.

Аз ҷумла:

  1. Ҷумҳурии Албания
  2. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир
  3. Барбадос
  4. Ҷумҳурии Вануату
  5. Ҷумҳурии Мардумии Чин
  6. Иттиҳоди Доминика
  7. Ҷумҳурии Фиҷӣ
  8. Ҷумҳурии Мардумии Демократии Лаос
  9. Ҷумҳурии Лубнон
  10. Ҷумҳурии Мадагаскар
  11. Ҷумҳурии Марокаш
  12. Ҷумҳурии Мақдунияи Шимолӣ
  13. Ҷумҳурии Никарагуа
  14. Ҷумҳурии Панама
  15. Ҷумҳурии Тунис
  16. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

Ҳамзамон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №188 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, №31» 14 кишвар, аз ҷумла:

  1. Ҷумҳурии Ҷазираҳои Маршал
  2. Ҷумҳурии Сулаймон
  3. Ҷумҳурии Вануату
  4. Ҷумҳурии Судон
  5. Ҷумҳурии Мадагаскар
  6. Давлати Фаластин
  7. Ҷумҳурии Гаити
  8. Ҷумҳурии Уганда
  9. Ҷумҳурии Арабии Сурия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  10. Ҷумҳурии Ироқ (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  11. Ҷумҳурии Федеративии Нигерия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  12. Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  13. Ҷумҳурии Руанда (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)
  14. Ҷумҳурии Конго (нисбат ба раводиди дипломатии навъи «Д», раводиди хизматии навъи «Х» ва раводиди кории навъи «К»)

ба номгӯйи давлати хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, ворид карда шуд.

Эзоҳ: гуфтан ба маврид аст, ки шаҳрвандони ин давлатҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз 14 ва ё 30 рӯз бо мақсади корӣ, таҳсил, истиқомати доимӣ ва ё дигар мақсади ғайри сайёҳӣ ворид мегарданд, уҳдадор ҳастанд қабл аз сафар ба Тоҷикистон раводиди ба будубош мувофиқро ба расмият дароранд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2024 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид