Оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот оид ба муҳокимаи ҷамъиятии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки муҳокимаи ҷамъиятӣ ба таҳкими эътимод байни парлумон ва намояндагони созмонҳои журналистӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносон ва рӯзноманигорон мусоидат менамояд. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма дар ҷомеаи демократӣ ба кафолатҳои конститутсионии озодии баён ва иттилоот асос ёфта, мафҳуми «озодии баён» ҳамчун ҳуқуқи доштани андеша, эътиқод ва баёни озодонаи он фаҳмида мешавад.
Гуфта шуд, ки ин мафҳумҳо аз моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маншаъ мегиранд: «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад…»
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан бо ду қонун: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» танзим карда мешавад.
Изҳор карда шуд, ки сарфи назар аз тағйироту иловаҳо ба ин қонунҳо тараққиёти технология ва уҳдадориҳои байналмилалӣ моро водор менамоянд, ки ин санадҳоро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва шароити замонавӣ мутобиқ кунем.
Барои ноил шудан ба ин бо қарори кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот моҳи марти соли 2023 гурӯҳи корӣ барои таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма» таъсис дода шуд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил гардида, таҷрибаи мухталифи минтақа, кишварҳои таҳлилкунандаи санадҳои қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти ВАО-ро омӯхтанд.
Гурӯҳи корӣ сохтор ва тарҳи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи васоити ахбори омма»-ро таҳия намуда, онро дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҳуқуқшиносон муҳокима намуд.
Дар натиҷаи муҳокимаҳо 100 пешниҳоду таклиф ба даст омад, ки гурӯҳи корӣ ҳамаи онҳоро бори дигар мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳадафи муҳокимаи навбатӣ он буд, ки пеш аз пешниҳоди лоиҳа ба Парлумон он бо доираи васеи намояндагони мақомоти давлатию вакилони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилаливу ҷамъиятӣ ва журналистӣ бори дигар баррасӣ ва таҳрир карда шавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Дар Тоҷикистон 73 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 72 фоизи кормандони тандурустиро занон ташкил медиҳанд
Ҳангоми зиёд шудани чангу ғубор барои ҳифзи саломатӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоед
Экспедитсияи илмии олимону мутахассисони Ҳиндустон дар Тоҷикистон оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






