«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе даврии шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид. Дар он оилаи Саидаҳмад Шеров ва Паримоҳ Амиршоева аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ ғолиби ҷойи аввал гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидани мақом ва нақши оила дар ҷомеа, баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва рӯзгордории оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона баргузор гардид.
Озмун ба иҷрои банди 24 Ҷадвали баргузории фестивалу намоиш ва иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024 тасдиқ гардидааст, равона шудааст.
Гуфта шуд, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрӯзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва ҷараёни инкишофи инсон ва рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки «давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».
Маҳз дар оила зиндагии инсон оғоз меёбад, маҳз дар он одамизод муҳаббат, эҳтиром, хурсандӣ ва меҳрубонӣ меомӯзад. Дар оила ҳамчунин муошират кардан ва бо ҷаҳони берунӣ шинос шудан ба ҳамагон ёд дода мешаваду шинохти анъанаҳо ва аз насл ба насл мерос гузоштани онҳо низ аз оила маншаъ мегирад. Аз ин рӯ оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст.
Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамзамон оилаи Абдуқодир Зарифзода ва Гулнисо Сайдализода аз ноҳияи Сино соҳиби ҷойи дуюм ва оилаи Иброҳим Каримов ва Рузигул Бобобекова аз ноҳияи Шоҳмансур, Ҳасан Худоиев ва Фотима Бошиева аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ғолибони ҷойи сеюм дониста шуданд.
Дигар иштирокчиён бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд






