ОИЛАИ СОЛИМ-ҶОМЕАИ СОЛИМ. Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи байналмилалии оиларо ҷашн гирифтанд

Май 15, 2024 11:40

ТУРСУНЗОДА, 15.05.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила, ки ҳамасола ба 15 май рост меояд, дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода   иброз дошт, ки «оила бақои давлат ва ҷамъият буда, тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Оила ва суннатҳои оиладорӣ дар ойинҳои миллии тоҷикӣ ба фарҳанг ва маърифати ин миллати куҳанбунёд асос ёфтаанд. Эҳтиром гузоштан ба арзишҳои оилаю оиладорӣ ва муқаддас шуморидани он асосии зиндагии ҳар шахс мебошад».

Дар ҳамоиш масъулини бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр ба 150 нафар фарзандони сокинони шаҳр ба таври ройгон шаҳодатномаи таваллуд   супориданд. Ҳамчунин ба оилаҳои ҷавон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба 24  тифл аз хонаводаҳои эҳтиёҷманд, ки маросими тӯйи хатнаи онҳо доир гардид, дучархаҳо туҳфа карда шуданд. Оилаҳои фаъоли шаҳри Турсунзода бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш суруду таронаҳои рангини мутрибон пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 15, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид