ҶОМИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал мусобиқаро бо тими миллии Марокаш оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 30.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) тақвими бозиҳои Ҷоми ҷаҳон-2024 оид ба футзалро, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешаванд, эълон намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал, ки аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ ба гурӯҳи «Е» дохил шуд, 16 сентябр дар Тошканд нахустин бозияшро дар Ҷоми ҷаҳон-2024 бо тими миллии Марокаш – қаҳрамони Африқо доир мекунад.
Дар даври дуюм футзалбозони Тоҷикистон бо қаҳрамони феълии Аврупо ва ҷаҳон- Португалия рақобат менамоянд. Ин бозӣ 19 сентябр дар Тошканд баргузор мешавад.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22 сентябр бо тими миллии Панама вомехӯрад. Бозӣ дар Маҷмааи варзишии универсалии Бухоро баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки дастаҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои аввал ва дуюмро ишғол мекунанд ва инчунин чаҳор тими беҳтарини зинаҳои сеюм ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ меёбанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






