«ҶОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН». Дар шаҳри Душанбе Моҳвораи ҷавонон ҷамъбаст гардида, ҷавонони фаъол қадрдонӣ шуданд

Май 30, 2024 20:50

ДУШАНБЕ, 30.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шукрона Тоҳирӣ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол» гардид. Ин ҷоиза имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон зимни ҳамоиши фарҳангӣ — фароғатии ҷамъбасти Моҳвораи ҷавонон таҳти унвони «Ҷовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон» баргузор гардид, ба  ӯ тақдим карда шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳамоиш бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир шуда, зимни он аз ҷониби як қатор сохторҳо чанде аз кормандони соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо ифтихорнома, медалҳои сари синагӣ ва ҷоизаҳои соҳавию давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамоиш ҷиҳати ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон ва бо суруру шодмонӣ қадршиносӣ намудани ғолибони маҳфилу озмунҳои давоми нимсолаи аввал ва бо пайки шодмонӣ ҳусни интиҳо бахшидан ба  моҳвораи ҷавонон роҳандозӣ шуд.

Дар чорабинӣ ҷоизадорону ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ, варзишгарон ва гирандагони стипендияҳои президентӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории чорабиниҳои давоми моҳвораи ҷавононро, ки масъулини соҳа давоми як моҳ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо шодмонӣ роҳандозӣ намуданд, қаноатбахш арзёбӣ намуд.

Иброз гардид, ки барои ҷавони ватандӯсту хештаншинос, ки мехоҳад дар рушду ташаккулёбии Тоҷикистон саҳмгузор бошад, бояд ҳаррӯзи зиндагияш чун ид бошад.

Дар идома аз ҷониби ҳунармандони Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфони»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври иҷроиши зинда барномаи рангини консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки ба чорабинии фарҳангӣ ҷилову фазои гуворо бахшид.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»

Май 30, 2024 20:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд