Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъол интихоб намуд»
ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни шиносоӣ бо вазъи будубоши ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар маркази таълимии «Пойтахт»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон суҳбати самимӣ доир намуданд.
Зимни суҳбат бо гурӯҳи сарбозон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимии ҳарбиро бояд аз ҳисоби ҳамин гуна сарбозони донову зирак, ҳушёру тануманд ва ватандӯсту фаъоле, ки дар қисмҳои ҳарбӣ аз мактаби ҷасорат гузаштаанд, интихоб кард ва изҳори боварӣ намуданд, ки аз онҳо афсарону фармондеҳони беҳтарин омода кардан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои моддию техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммал гардида, сафи Артиши миллӣ ва воҳидҳои низомӣ бо кадрҳои баландихтисос, ботаҷриба ва далеру содиқи ватан пурра карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






