Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд

Май 8, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79-солагии Рӯзи Ғалаба ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо истиқбол гирифтанд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба поси хотири афсарону сарбозон ва ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг ҷони худро нисор кардаанд, дар назди “Оташи ҷовидон” гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони мардуми тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равони шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди оташи ҷовидон гулчанбар гузоштанд.

Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани пардаи рамзӣ “Муҷассамаи ғалаба”-ро баъди интиқоли он ба боғи Ғалаба ва навсозиаш ифтитоҳ намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи маҷмааи навсозишуда ҳамчунин ҳайати расмии Федератсияи Русия бо роҳбарии муовини раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Кара-Оол Шолбан иштирок намуд.

Ҳамаи тадбирҳое, ки дар Боғи Ғалаба аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ба хотири пос доштани ёди қурбониёни ҷанг мебошад.

Бояд гуфт, ки қаҳрамонию ҷоннисории падарону бобоён, ки дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои озодии Ватан сина сипар намуданд, ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат қадр карда мешавад.

Мавриди зикри хос аст, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи Ғалаба бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар кадом аз собиқадорони ҷанг 40 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба иштирокчиёни ҷанг аз пойтахт дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи молӣ расонда шуд.

Ҳамчунин бо супориши Президенти Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба собиқадорон ва маъюбони ҷанг кумакпулии яквақта дастрас намуданд.

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 79 - солагии Рӯзи Ғалаба 08.05.2024

Май 8, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим–Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро ба ҳузур пазируфтанд
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия