Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси ҳукумати мардумии шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Фенчао мулоқот намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ Ван Фенчаоро ба шаҳри Душанбе хушомадед гуфтанд.
Таъкид гардид, ки муколамаи доимии дӯстона ва боэътимоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин омили муҳими муносибати шарикии стратегии ду давлат маҳсуб меёбад.
Ҷонибҳо густариши ҳамкориро дар сатҳи шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду аз рӯйи самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн хуб арзёбӣ намуда, оид ба тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву маориф, тандурустиву варзиш ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш табодули афкор аҷом доданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе











Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ташаббуси Парлумони Тоҷикистон оид ба таҳияи ду қонуни намунавӣ тасдиқ шуд
Оид ба эълон намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд






